Темур Раҳимов

Темур Раҳимов
Деятельность
Ҷудо
Дата рождения
08.07.1997
Место рождения
н.Рӯдакӣ
Полное Имя
Раҳимов Темур Бахтиёрович

Раҳимов Темур Бахтиёрович  8-уми июли соли 1997 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Завқи гӯштингириро дар қалби Темур аз хурдӣ бобояш ҷой дода буд. Бобои Темур, Рустам Абдураҳмонов мухлиси ашадии гӯштин аст ва набераҳояшро доимо ба гӯштин ҷалб мекунад.

Темурро дар шашсолагиаш падар ва бобояш ба толори варзишӣ бурданд, то ба варзиши тэквандо машғул шавад. Чун онҳо фикр мекарданд, барои Темури шашсола машқ кардан дар варзиши гӯштин душворӣ меорад. Темур набераи калонии бобо аст. Ғайр аз Темур 8 набераи Рустам Абдураҳмонов ба навъҳои гуногуни гӯштин машғул ҳастанд.

Шурӯъ аз нӯҳсолагияш Темур дар толори варзишии ба номи Худойназар Боқиев ба тамрини гӯштини ҷудо машғул шудааст. Ҳангоми тамрин дар ин макон, дар чандин мусобиқаҳои сатҳи маҳалливу ноҳиявӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардидааст. Соли 2010 ӯ дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иштирок намуда, дар намуди гӯштини ҷудо сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гашт.

Темур Раҳимов дар роҳи интихобнамудааш бо душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, боре фикри ба ақиб гаштанро накардааст. Ба ӯ дастгирии бевоситаи волидон рӯҳу илҳоми дучанд медод.

Ҳоло Темур Раҳимов аз чеҳраҳои барҷастаи варзиши Тоҷикистон ва паҳлавони номдори риштаи ҷудо миёни сангинвазнҳо ба шумор рафта, серҷоизатарин ҷудокори кишвар маҳсуб мешавад. Темур дар намуди гӯштини миллӣ низ ба як қатор дастовардҳо шарафёб гардидааст.

Темур Раҳимов дар тӯли фаъолияти худ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо сари баланд муаррифӣ намуда, дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва қитъавӣ сазовори ҷойҳои намоён шудааст. Ӯ асосан дар вазни +100 кг ҳунарнамоӣ мекунад ва бо сабки варзишии пурзӯру ҳунармандонааш шинохта шудааст.

Соли 2020 Темур Раҳимов бори аввал дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат варзид, лек ба гирифтани нишонҳои фахрӣ даст наёфт. Бо талошу меҳнатҳои зиёд ва тамринҳои шабонарӯзӣ Темур дар Бозиҳои олимпии навбатӣ – Париж 2024 ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт, ки аз муҳимтарин дастовардҳои корномааш маҳсуб мешавад.

Яке аз дастовардҳои дигари мондагор барои Темур ин медали биринҷии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳони соли 2025 дар Будапешт буд, ки барои ба даст оварданаш заҳмату талошҳои зиёде кардааст. Дар ин роҳ ба Темур, мураббӣ ва амакаш Рустам Абдураҳмонов ҳамеша ёвару роҳнамо мебошад.

Дастовардҳои дигари Темур дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо чунин мебошанд - қаҳрамони мусобиқаи Baku Grand Slam -2022, ҷоизадори мусобиқаҳои Jerusalem Masters -2022 , Hungary Masters-2023, ҷоизадори Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон -2017, ҷоизадори Чемпионати Осиё-2017, 2019, 2022, 2024, ноибқаҳрамони мусобиқаи Dushanbe Grand Prix- 2023, ҷоизадори Бозиҳои Осиёӣ -2022, ҷоизадори чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба ҷудо.
Темур Раҳимов ягона ҷудокори тоҷик маҳсуб мешавад, ки аз ҳама мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо соҳиби медал гардидааст, ки ин ифтихори бузург маҳсуб мешавад. Инчунин, Темур Раҳимов ҷудокори рақами 1-и сайёра дар вазни +100 кг солҳои 2022 ва 2023 буд, ки яке аз натиҷаҳои дигари назаррас дар ҷаҳони ҷудо ба ҳисоб меравад. Солҳои 2021, 2022, 2023, 2024 беҳтарин варзишгари соли дар Тоҷикистон эътироф шудааст.

Темур Раҳимов на танҳо дар татамӣ, балки берун аз он низ ҳамчун шахси хоксор ва намунаи ибрат барои ҷавонони тоҷик шинохта шудааст. Ӯ дар ҳар мусобиқа бо ифтихори ватандорӣ ва ҳисси масъулият Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Ҳоло, Темур дар Мактаби варзишии захираҳои олимпии ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият мекунад. Бо Ордени “Шараф” II дар соли 2024 сарфароз гардонида шуда, беҳтарин варзишгари калонсол дар намуди олимпии соли 2022 дар Тоҷикистон эътироф гардидааст.