25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол - Ассамблеяи генералии СММ аз ташаббуси Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ оид ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард

25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол - Ассамблеяи генералии СММ  аз ташаббуси Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ оид ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол пуштибонӣ кард
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ рӯзи 9 феврали соли равон бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.

Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.

Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалиро дар бораи 25 май эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт.

#UN #FIFA #WorldFootballDay #ТочикистонБаПеш