3 медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи охири Dushanbe Grand Slam-2024

3 медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи охири Dushanbe Grand Slam-2024

Дар рӯзи охири мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2024 аз 12 ҷудокори тоҷик, танҳо Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов ба гирифтани нишонҳои фахрии мусобиқа даст ёфтанд. Ҷудокорони дигари мо то ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа нарасиданд.

Муҳаммадҷон Абдуҷаллизода зери вазни то 90 кило дар даври аввал муқобили ҷудокори 22 солаи гурҷӣ Бакар Эрашвили бо як маҳорати олӣ ғалаба карда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар ин давр Муҳаммадҷон бо ҷудокори фаронсавӣ Паул Ливолси гӯштин гирифта, дастболо шуд. Дар даври сеюм Абдуҷалилзода бо Марсело Гомеси бразилӣ нерӯсанҷӣ карда ғолиб омад.

Дар даври нимниҳоӣ Абдуҷалилзода бо Давид Кламмерти чех рӯи татамӣ мубориза бурд, вале ноком шуд. Дар идома дар мубориза барои нишони биринҷӣ Муҳаммадҷон бар ҷудокори юнонӣ Тселидис Зеодорси юнонӣ бо имтиёзи иппон дар сонияҳои охири рақобат зафар ёфт ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид. Ин аввалин медали Абдуҷалилзода дар мусобиқаҳои Гранд Слам буд.

Ҷаҳонгир Маҷидов зери вазни то 100 кило дар даври аввал Пандари Ғандрани ҳиндиро шикаст дода, дар даври дуюм аз садди роҳ бо имтиёзи иппон Шархан Нурлюхани қазоқро дур кард. Дар даври сеюм Маҷидов бо Златко Кумричи хорватӣ гӯштин гирифта, бо як маҳорати воло пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври нимниҳоӣ Маҷидов бо ҷудокори швейтсарӣ Эйч Даниэл нерӯсанҷӣ кард, лек ноком шуд. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Ҷаҳонгир тавонист, ки Тома Никифорови белгиягиро шикаст дода, соҳиби нишони биринҷӣ шуд. Ин дуюмин медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар корномаи Ҷаҳонгир Маҷидов буд.

Темур Раҳимов дар вазни ҷамъи 100 кило дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм Давит Кевлишвилии испаниро шикаст дод. Дар даври сеюм Раҳимов бо имтиёзи иппон Иброҳим Татароглуи туркро мағлуб карда, дар даври нимниҳоӣ бо се шидо Магомедомар Магомедомаров аз АМА-ро шикаст дод ва ба финал баромад.

Дар финал Темурро “Шоҳи ҷудои ҷаҳон”- Тедди Риннери фаронсавӣ мунтазир буд, ки дар роҳ ба финал ҳама рақибонро бо имиёзи иппон ноком карда буд. Рақобати Темур ва Тедди ҳам сахту сангин ҷараён гирифт ва бо имтиёзи иппони ҷудокори фаронсавӣ анҷом ёфт. Риннер тиллои 11-умашро дар мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Темур медали сеюми нуқраро дар мусобиқаҳои Гранл Слам ба даст овард.

Ҷудокорони дигари мо зери вазни то 90 кило Комроншоҳ Устопириён дар даври аввал аз Даниел Ниетои испанӣ мағлуб шуд. Шодмон Ризоев дар даври аввал аз Эдуард Триппели олмонӣ ва Акмал Муродов аз Мамедали Ашилдаеви туркман дар даври аввал аз ҳамин вазн шикаст хӯрданд.

Дар вазни то 100 кило Парвиз Абдураҳмонов дар даври дуюм аз намояндаи бетараф Анджей Павлиуков, Эмомризо Анварзода дар даври якум аз Синг Автари ҳиндӣ, Кароматулло Ҳакимов аз намояндаи бетараф Нииаз Билолов дар даври аввал мағлуб шуданд.

Раҳмон Мансур дар вазни ҷамъи 100 кило аз Шаотонг Юани чинӣ , Некрӯзшоҳ Некбахтзода аз Муҳаммад ал Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев аз Мансур Муҳиддинови ӯзбек дар даври аввал шикаст хӯрданд.

Ҷудокорон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод, ки ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудокорони тоҷик соҳиби 7 медал - Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (-66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯз Хоҷазода ( -73 кг) медали нуқра , Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (+100 кг ) медали нуқра гардиданд.

Ғолибони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 | Рӯзи 3-юм 

Вазни -78 кг

1. Анна - Мариа Вагнер  (Олмон)

2.Алина Боэҳм  (Олмон)

3.Пакут - Клочко (Лаҳистон)

3. Эмма Рейд (Британияи Кабир)

Вазни +78  кг 

1. Асия Тавано (Италия)

2.Кинга Волсжзак (Лаҳистон)

3.Ҳйеҷони Ли (Кореяи Ҷанубӣ)

3.Урсзула Ҳофман (Лаҳистон)

Вазни -90 кг

1. Мансур Лорсанов  (AIN)

2.Давид Кламмерт (Чехия)

3.Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (Тоҷикистон)

3.Ҷайеоп Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ)

Вазни -100  кг

1. Геннаро Пирелли (Италия)

2.Даниел Эйч (Швейтсария)

3.Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон)

3.Ҷафар Костоев  (АМА)

Вазни +100 кг

1. Тедди Ринер  (Фаронса)

2.Темур Раҳимов  (Тоҷикистон)

3.Лоссени Коне (Олмон)

3.Денис Батчаев (AIN)