Алексис Санчес тобистони имсол тарки “Интер” мекунад

Алексис Санчес тобистони имсол тарки “Интер” мекунад

Ҳамлагар Алексис Санчес пас аз анҷоми мавсими имсола тарки «Интер» мекунад. Дар ин бора рӯзномаингор Фабритсио Романо хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ шартномаи бозигари 35-солаи чили бо "Интер" 30 –юми июн ба охир мерасад ва тамдид нахоҳад шуд. Санчес ба ҳайси агенти озод тарки "Интер" мекунад.

Дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Милан Санчес ду маротиба ғолиби Серия А шуд, Ҷоми Италияро ба даст овард ва ду маротиба Суперҷоми Италияро ба даст овард.

Ҳамчунин, "Интер" тобистони имсол бо нимҳимоятгар Стефано Сенси низ видоъ мекунад.