Анчелотти интизориҳои хешро оиди бозӣ зидди “Бавария” баён кард

Анчелотти интизориҳои хешро оиди бозӣ зидди “Бавария” баён кард

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти пеш аз бозии аввал бо “Бавария” дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо изҳори назар кард.

«Мо ба «Бавария» эҳтироми бузург дорем. Онҳо зидди "Арсенал" хеле хуб бозӣ карданд ва мо диққатамонро ба он бозиҳо равона мекунем, на ба бозиҳои онҳо дар Бундеслига. Шумо бояд таърихи муваффақияти онҳо дар Лигаи Чемпионҳоро ба назар гиред, ин омили муҳим аст.

Аммо гузашта дар гузашта мемонад. Ин нимфинал аст. Мо бояд бо рақибе бозӣ кунем, ки дорои қувваи бузург ва сифати таъсирбахш аст. Мо хеле шодем, ки дар ин ҷо ҳастем. Фикр мекунам, кам одамон интизор буданд, то дастаи моро дар нимфинал бубинанд. Мақсади мо пас аз ин бархӯрд боз як бозии дигар баргузор кардан аст», - аз суханони Анчелотти иқтибос овардааст хадамоти матбуотии УЕФА.

Бозии аввал байни «Бавария» ва «Реал Мадрид» 30-юми апрел дар Мюнхен баргузор шуда, соати 23:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.