Арина Соболенко дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Australian Open

Арина Соболенко дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Australian Open

Теннисбози белорусӣ Арина Соболенко, ки дар чемпионати кушоди Австралия таҳти рақами ду баромад мекунад, роҳхати марҳилаи 1/8 ниҳоиро соҳиб шуд. Дар даври сеюи Арина намояндаи кишвари Чехия Маркета Вондроушоваро (таҳти рақами 31-ум) бо ҳисоби умумии 4:6, 6:3, 6:1 шикаст дод. Давомнокии сабқат 1 соату 49 дақиқаро ташкил дода буд.

Дуюмин ракеткаи ҷаҳон як эйс кард, 10 иштибоҳи дуболо анҷом дод ва  5 аз 8 брейк-пойнтҳоро амалӣ кард. Дар ҳисоби ҳарифаш бошад 6 эйс, 5 иштибоҳи дуболо ва  2 брейк аст. Арина фаълона  36 хол кор карду 36 иштибоҳи нолозим дошт. Маркета бошад 24 виннеру  29 иштибоҳи нолозим ба омор гирифт.

Аз барои роҳхат ба марҳилаи чорякниҳоии сабқати нахусти силсиласабқатҳои «Тоскулоҳи бузург»-и соли 2022  Соболенко Кайя Канепии этонӣ зӯрозмоӣ мекунад. Australian Open-и феълӣ бошад се  пирӯзӣ дорад.

Australian Open (занон). Даври 3-юм  

Маркета Вондроушова 1 : 2 Арина Соболенко