Бохти «Абдиш-Ата» аз «Сентрал Кост Маринерс»-и Австралия дар финали байниқитъавии Ҷоми КФО

Бохти «Абдиш-Ата» аз «Сентрал Кост Маринерс»-и Австралия дар финали байниқитъавии Ҷоми КФО

Рӯзи 24-уми апрел қаҳрамони Қирғизистон оиди футбол - бошгоҳи «Абдиш-Ата» аз Кант бозии ҷавобии финали байниқитъавиро дар Ҷоми КФО зидди дастаи «Сентрал Кост Маринерс» аз Австралия доир кард.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии аввали ин дастаҳо рӯзи 17-уми апрел дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов дар шаҳри Бишкек назди беш аз 11 ҳазор мухлис доир гардид ва бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Бозии ҷавобӣ дар Австралия ба нафъи «Сентрал Кост Маринерс» бо ҳисоби 3:0 ҷамъбаст шуд.

Ҳамин тариқ дастаи қирғизӣ бо шикасти бузурги сафарӣ аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Гранд-финали Ҷоми КФО рӯзи 5-уми май доир мешавад

Дастаи «Сентрал Кост Маринерс», ки ба Гранд-финали Ҷоми КФО баромад бо қаҳрамони минтақаи Ғарбӣ – бошгоҳи «Ал Аҳед»-и Лубнон бозӣ мекунад. Ин тим дар навбати худ аз ҳисоби ду бозӣ дастаи «Ал Наҳда»-и Уммонро бо ҳисоби 3:2 шикаст дода буд.

Финали байниқитъавии Ҷоми КФО. Бозии ҷавобӣ:

Сентрал Кост Маринерс (Австралия) - Абдиш-Ата (Қирғизистон) - 3:0

Голҳо: Мигел Ди Писио, 77, 90+1, Микаэл Дока, 86.