Бохти «Филаделфия» аз «Ню-Йорк» дар бозии дуюми плей-оффи Ассосиатсияи Миллии Баскетбол

Бохти «Филаделфия» аз «Ню-Йорк» дар бозии дуюми плей-оффи Ассосиатсияи Миллии Баскетбол

Бозии дуюми силсилаи плей-оффи Ассосиатсияи Миллии Баскетбол (АМБ) миёни дастаҳои «Ню-Йорк Никс» ва «Филаделфия Сиксерс» дар варзишгоҳи «Мэдисон Сквер Гарден» бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 104:101 хотима ёфт.

АМБ - плей-офф . 1/4 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

23-юми апрели соли 2024, сешанбе. 04:30 ДШБ

Ню-Йорк Никс 104 : 101 Филаделфия Сиксерс

Ню-Йорк Никс: Брансон - 24, Харт - 21, Дивинченсо - 19, Хартенштайн - 14, Ануноби - 10, Макбрайд - 9, Богданович - 6, Робинсон - 1, Ачиува, Милтон, Бёркс, Ҷеффрис, Дяките, Симс

Филаделфия Сиксерс: Макси - 35, Эмбиид - 34, Харрис - 10, Лоури - 8, Батюм - 6, Убре - 4, Хилд - 2, Рид - 2, Мартин, Бамба, Даутин, Каунсил, Пэйн

Серанатиҷатарин бозигар дар сафи ғолибон Ҷейлен Брансон гардид, ки дар ҳисобаш 24 хол мебошад. Дар «Филаделфия» Ҷоэл Эмбиид беҳтарин эътироф гардид, ки дабл-дабл ба номаш ихтисос дод: 34 хол, 11 бозёфт ва шаш партофти натиҷабахш.

Ҳамин тариқ, ҳисоби силсиларақобатҳо 1-1 гардид. Бозии навбатӣ миёни дастаҳо рӯзи 26-уми апрел дар Филаделфия дар варзишгоҳи «Веллс Фарго-сентр» доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи натиҷаи чемпионати даврӣ «Ню-Йорк Никс» дар ҷадвали Конференсияи Ғарбӣ зинаи дуюмро ишғол карда, «Филаделфия» мавсимро дар Шарқ бо ишғоли зинаи ҳафтум ҷамъбаст кард.