Бошгоҳи “Сантос” аз ҷониби ФИФА ҷазо дода шуд

Бошгоҳи “Сантос”  аз ҷониби ФИФА ҷазо дода шуд

Бошгоҳи бразилии “Сантос” аз ҷониби ФИФА ба хотири қарзи 4 млн доллара пеши   “Краснодар” аз барои гузариши Куэва ҷазо хоҳад гирифт.

Баъди насупоридани саривақтии қарз аз ин пас ба тими бразилӣ имзокунии шартнома бо бозигарони нав сабти нокунии онҳо манъ гардидааст.

Ин ҳам ба хотири гузариши нимҳимоягар Кристиан Куева дар соли 2019 ва қарзи чормиллиона аст.   Баъди оне, ки қарори баровардаи ФИФА қувваи қонунӣ гирифт, “Сантос” маҷбур карда шудаааст, ки   4,5 млн доллар аз барои трансфери Куэва тариқи чор қисмат то 25-уми июн ба “Краснодар” пардохт кунад.

Маҳдудияти трансферӣ бошад баъди пардохт гардидани пули қарздорӣ аз сар гирифта мешавад.   Дар омади гап тимҳои русӣ агар бо чунин роҳу восита дастаҳои бразилиро шикаст надиҳанд, дар футболи ба қавле мардакӣ пирӯз шудани зидди бразилиён русҳо дар ду ҳаёт наметавонанд.