Британияи Кабир низ Олимпиадаи Чинро таҳрим кард

Британияи Кабир низ Олимпиадаи Чинро таҳрим кард

Сарвазири Британияи Кабир - Борис Ҷонсон эълон намуд, ки мақомоти ҳукумати Британия аз ширкат дар Бозиҳои зимистонаи олимпии дарпешистода дар Пекин худдорӣ мекунанд. Барои баргузории чорабинии варзишӣ таҳрими дипломатӣ эълон шудааст. Ҳамин тариқ, Британияи Кабир сеюмин кишваре шуд, Бозиҳои Олимпии Пекинро таҳрими дипломатӣ эълон кунад.

Намояндагони Штатҳои Муттахида дар ин бора аввалин шуда ва баъдан Австралия хабар дода буданд. Ёдовар мешавем, ки сабаби таҳрим вазъи поймол шудани ҳуқуқи башар дар қаламрави ҶХЧ мебошад.