Чин: ИМА, Британия, Австралия ва Канада барои амалашон ҷавоб хоҳанд дод

Чин: ИМА, Британия, Австралия ва Канада барои  амалашон ҷавоб хоҳанд дод

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин - Ван Вэнбин гуфт, кишварҳое, ки дар Пекин Олимпиадаи зимистонаи соли 2022-ро таҳрими дипломатӣ эълон кардаанд, ҷазои аъмоли худро пардохт хоҳанд кард. Дар айни замон, ИМА, Британияи Кабир, Австралия ва Канада таҳрими дипломатӣ эълон карданд.

«Ман мехоҳам таъкид намоям, ки ИМА, Британияи Кабир, Австралия ва Канада платформаи олимпиро барои найрангҳои сиёсӣ истифода мебаранд. Ин дастгирӣ нахоҳад ёфт ва аз ин рӯ онҳо худро ҷудо мекунанд. Онҳо барои аъмоли нодурусташон ҷазо хоҳанд гирифт», — иқтибос овардааст Money Control суханони сиёсатмадорро.

Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 аз 4 то 20 феврал баргузор мешаванд. Қобили зикр аст, ки пойтахти Чин аввалин шаҳрест, ки ҳам Бозиҳои зимистона ва ҳам тобистонаи олимпиро (2008) баргузор мекунад.