Daily Mail: Ҷермалл Чарло дар Техас бо се парванда боздошт шуд

Daily Mail: Ҷермалл Чарло дар Техас бо се парванда боздошт шуд

Қаҳрамони ҷаҳон оид ба WBC дар вазни миёна Ҷермалл Чарло дар Техас боздошт шудааст. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ муштзани маъруф ба рондани мошини “Lamborghini Urus” дар ҳолати мастӣ ва расонидани хисороти молӣ ва фирор аз пулис муттаҳам мешавад.

Дар гузориши полис гуфта мешавад, ки консентратсияи машруботи варзишгари маъруф тақрибан ду маротиба аз ҳадди қонунӣ дар Техас - 0,15 дар муқоиса бо ҳадди қонунии 0,08 зиёд будааст.

Дар натиҷаи бархӯрд бо мошини дигар бо айби Ҷермалл ба маблағи 200 доллар хисорот расонида шудааст. Пас аз ин ҳолат Чарло дар аввал ба афсарони пулис итоат накарда, баъдан танҳо пас аз вақти муайян ин корро кардааст.

Ёдовар мешавем, ки Ҷермалл Чарло дар ҳоли ҳозир бар ивази 9 500 доллар гарав озод шудааст.