Дубл ва ирсоли головари Фернандеш ғалабаи “МЮ”-ро бар “Шеффилд” таъмин кард

Дубл ва ирсоли головари Фернандеш ғалабаи “МЮ”-ро бар “Шеффилд” таъмин кард

Бозии мавқуфгузошташудаи даври 29-уми чемпионати Англия миёни дастаҳои “Манчестер Юнайтед” ва “Шеффилд Юнайтед” баргузор шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олд Траффорд”-и шаҳри Манчестер барпо шуда, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи мизбонон ба анҷом расид.

“Девҳои сурх” дар рафти вохӯрӣ ду маротиба аз ҳисоб қафо монданд, аммо тавонистанд ба бозӣ баргашта соҳиби се имтиёз гарданд. Бруно Фернандеш қаҳрамони асосии вохӯрӣ дар ҳайати тими шаҳри Манчестер буд. Ӯ ду гол зада як ирсоли головар анҷом дод. Ҳарри Магуайр ва Расмус Ҳойлунд голҳои дигари “Манчестер Юнайтед”-ро ба самар расониданд. Аз ҳайати меҳмонон голҳоро Ҷейден Богл ва Бен Бреретон заданд.

«Манчестер Юнайтед» ҳоло бо 53 имтиёз бо шарофати бохти “Нюкасл” дар ин марҳила ба зинаи 6-ум баромад. «Шеффилд» бо 16 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот аст. “Арсенал” бо 77 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқот аст.