Генрих Мхитарян атрофи қаҳрамонии «Интер» ҳарф зад

Генрих Мхитарян атрофи қаҳрамонии «Интер» ҳарф зад

Генрих Мхитарян атрофи қаҳрамонии «Интер» ҳарф зад

Нимҳимоягари «Интер» Генрих Мхитарян пирӯзии тими хешро зидди «Милан» дар чемпионати Италия шарҳ дод.

«Мавсими фаромӯшнопазир. Бо гирифтани скудетто дар дерби шомили таърих шудем. Ростӣ гап, ҳанӯз ду моҳ пеш оиди оне ҳарф мезадем, ки гирифтани скудетто дар бозӣ зидди «Милан» олӣ мебуд … Чунин тавр ҳам шуд!» – иқтибос меорад аз суханони Мхитарян FCInter1908.it.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22-юми апрел бозии марказии даври 33-юми Серияи А миёни дастаҳои «Милан» ва «Интер» доир шуда, бо пирӯзии «нерадзурри» бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Италия - Серияи А. Даври 33-юм

22-юми апрели соли 2024, душанбе. 23:45 ДШБ

Милан 1 : 2 Интер

0:1 Ачерби – 18' 0:2 Тюрам – 49' 1:2 Томори – 80'

Корти сурх: Эрнандес – 90+4', Калабрия – 90+7' / Думфрис – 90+4'

«Интер»-и Милан пеш аз мӯҳлат қаҳрамони Италия дар мавсими-2023/2024 гардид. Дар даври 33 юми Серияи А сиёҳу-кабудҳо 86 хол ба даст оварданд. Панҷ бозӣ то анҷоми чемпионат «Интер» 17 хол аз мақомдори зинаи дуюм - тими «Милан» 17 хол бештар дорад. Ҳамин тариқ, ҳамаи тимҳои итолиявӣ мавсими ҷорӣ имкониятҳои математикии гузаштан аз «нерадзурри»-ҳоро дар ҷадвали чемпионат аз даст додаанд.