Голи Ямали 16-сола дар моҳи март беҳтарин дар Ла Лига эътироф шуд

Голи Ямали 16-сола дар моҳи март беҳтарин   дар Ла Лига эътироф шуд

Хадамоти матбуоти Ла Лига беҳтарин голи чемпионати Испанияро дар моҳи март эълон кард. Беҳтарин гол насиби вингери 16-солаи дастаи “Барселона” - Ламин Ямал гардид.

Ямал дар бозии даври 28-уми Ла Лига, ки 8-уми март баргузор шуд, ба дарвозаи «Малйорка» гол зад. Ямал аз ниммуҳофизатгари “Малйорка” гузашта, тӯбро ба кунҷи рости болоии дарвоза зад. Ин аввалин ва охирин гол дар ин вохӯрӣ буд.

Голи ягона дар ин дидор ба “Барселона” 3 имтиёз овард.