Клопп наметавонад, ки сармураббии Олмон шавад, зеро...

Клопп наметавонад, ки сармураббии Олмон шавад, зеро...

Сармураббии дастаи «Ливерпул» - Юрген Клопп сармураббии тими миллии Олмонро ба ӯҳда нахоҳад гирифт.  Дар ин бора  агенти Клопп ба  Sky Sports хабар додааст.  Олмонӣ бо дастаи “Ливерпул”  то соли 2026 шартнома дорад ва наметавонад, ки ин вазифаро ба ӯҳда гирад.

Қаблан сару садоҳо дар бораи иваз шудани мураббӣ дар Бундестим паҳн шуда буданд. Ханс-Диттер Филк пас аз ноком шудан дар  Ҷоми Ҷаҳонии 2022  эҳтимол аст, ки аз вазифааш  барканор шавад.

Ёдовар мешавем, ки Олмон дар Ҷоми Ҷаҳонии дуюм пайиҳам натавонист аз гурӯҳ барояд. Дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2018 олмониҳоро Йоахим Лев сарварӣ мекард.