Клопп тарки “Ливерпул” карданӣ нест!

Клопп тарки “Ливерпул” карданӣ нест!

Юрген Клопп сармураббии дастаи “Ливерпул” боқӣ мемонад. Дар ин бора рӯзноманигори варзидаи варзишӣ  Фабритсио Романо хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Клопп ба кор дар тими миллии Олмон таваҷҷӯҳ надорад ва аллакай бо роҳбарияти “Ливерпул”  интиқоли зимистонаро баррасӣ мекунад.

Қаблан овозаҳое паҳн шуда буд, ки Клопп сармураббии нави тими миллии Олмон мешавад.