Луис Энрике аз вазифааш пас аз ҶҶ истеъфо доданист!

Луис Энрике аз вазифааш пас аз ҶҶ истеъфо доданист!

Сармураббии тими миллии Испания - Луис Энрике пас аз анҷоми Ҷоми Ҷаҳонии футбол, аз мақомаш истеъфо медиҳад. Дар ин бора нашрияи бонуфузи Marca иқтибос овардааст.

 Гуфта мешавад, ки Луис Энрике дар 24 то 48 соати наздик вазифаи сармураббии тими миллии Испанияро бояд тарк кунад.

Луис де ла Фуэнте (мураббии тими мунтахаби зери 21-солаи Испания) номзади асосӣ ба ҷои ӯ аст.

Ёдовар мешавем, ки Энрике аз соли 2019 дар тими миллии Испания кор мекунад. Таҳти роҳбарии ӯ тими Испания ба даври ниманиҳоии Чемпионати Аврупо-2020 роҳ ёфт. 

Дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар бошад,  мунтахаби Испания зери роҳнамоии Энрике то  ба даври плей-офф роҳ ёфта тавонист. Испанияҳо дар ин марҳила аз мунтахаби Марокаш бозӣ аз силсила зарбаҳои 11 метра бохтанд.