“Манчестер Сити” дар сафар дарвозаи “Брайтон”-ро голборон кард

“Манчестер Сити” дар сафар дарвозаи “Брайтон”-ро голборон кард

Бозии мавқуфгузошташудаи даври 29-уми чемпионати Англия миёни дастаҳои “Брайтон” ва “Манчестер Сити” ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Амекс”-и Брайтон доир шуда, бо ҳисоби бузурги 0 бар 4 ба суди дастпарварони Гвардиола анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Манчестер Сити” дар ин бозӣ Фил Фоден (дубл), Кевин де Брюйне ва Хулиан Алварес ба самар расониданд.

Бо ин пирӯзӣ “Манчестер Сити” шонси идома додани пойгаи қаҳрамониро бо “Арсенал” ва “Ливерпул” нигоҳ дошт. Ҳоло “шаҳриҳо” бо 76 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот мебошанд. “Арсенал” бо 77 имтиёз пешгом аст. “Брайтон” бо 44 имтиёз дар мавқеи 10-ум маскан гирифтааст.

Дар даври оянда “Манчестер Сити” рӯзи 28-уми апрел дар сафар бо “Ноттингем Форест” ва “Брайтон” ҳам дар ҳамин рӯз дар сафар бо “Борнмут” бозӣ мекунад.