Маоши ҳангуфти Роналду дар “Ал-Наср” аз кадом буҷа партохт мешавад?

Маоши ҳангуфти Роналду  дар “Ал-Наср” аз кадом буҷа партохт мешавад?

Ҳамлагари бошгоҳи  “Ал-Наср” -  Криштиану Роналду ҳамагӣ 10% маошашро мустақиман аз даста  мегирад. Дар ин бора The ​​Athletic  хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, форвард боқимондаи маошро аз буҷаи Арабистони Саудӣ мегирад. Тавре қаблан хабар дода шуда буд, маоши тахминии Роналду дар «Ал-Наср» тақрибан 217 миллион евроро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки португалӣ бори аввал дар тими “Ал-Наср” дар вохӯрии қаҳрамонии Арабистони Саудӣ бо “Ал-Иттифоқ” баромад кард. Дастаи Роналду он ҷо бо ҳисоби минималии  0 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Голро ҳамдастаи бразилии Роналду – Талиска ба самар расонид. Дар бозӣ бо «Ал-Иттиҳод» дар Суперҷоми Арабистони Саудӣ тими «Ал-Наср» бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда аз идомаи мусобиқа бенасиб монд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳар ду вохӯрӣ Роналду натавонист аз худ дарак бидиҳад.