Месси боз аз Роналду пеш гузашт

Месси боз аз Роналду пеш гузашт

Ба иттилои Opta, ҳамлагари ПСЖ - Лионел Месси аз рӯи шумораи бештари голҳо дар 5 лигаи беҳтарини Аврупо аз ҳамлагари «Ал-Наср» Криштиану Роналду пеш гузашт.

Дар бозӣ бо “Монпелйе” (1:3) Месси голи 697 –умашро  дар ҳайати бошгоҳҳои 5 чемпионати беҳтарин ба самар расонид. Дар ҳисоби Роналду бошад,  696 гол ҳаст.

 Месси инчунин дар ҳайати  Топ 5 лигаи бартари Аврупо  297 ассист дорад. Роналду бошад, 197 ассист дорад.  Роналду дар 919 бозӣ  ва Месси дар 835 бозӣ ин нишондодро сабт кардаанд.