Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Тайланд бозӣ мекунад

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Тайланд бозӣ мекунад

26-уми апрел дар Бангкок бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниманиҳоӣ бо мизбони ин мусобиқа, тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Ин вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии болопӯшидаи Ҳуамарки Бангкок баргузор шуда, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 дар Ҷоми Осиёи Кувайт мо дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ дар сониҳои охир рақобатро аз Тайланд бохта будем ва ҳамакнун фурсати он расидаат, ки қасди бохтро аз ин тим ситонем ва ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёбему боз таърихи наверо дар футзали тоҷик бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ намоем.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали марҳилаи чаҳорякниҳоӣ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Афғонистон бо ҳам бозӣ карда буданд. Вохӯрии дастаҳо тӯлони давом карда то ба вақти иловагӣ рафт. Ризо Ҳусейнпур аз ҳайати Афғонистон аввалин шуда дар бозӣ ҳисобро боз кард. Ӯ ба таври ногаҳонӣ тӯбро вориди дарвозаи худ намуд ва муаллифи худгол гардид. Дар идома Фарзод Маҳмудӣ ҳисобро баробар намуд. Беҳтарин бозигари тими мунтахаби Тоҷикистон – Файзалӣ Сардоров дар дақиқаҳои охири вақти илованамудаи довар аз пеналти гол зад ва ғалабаи миллипӯшони моро таъмин кард.

Ин ғалаба аввалин бор дар таърих моро ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё баровард ва муҳимтар аз ҳама мо аввалин бор дар таърих ҳуқуқи иштирок дар Ҷоми Ҷаҳонии футзалро ба даст овардем.

Дар марҳилаи гурӯҳи тими футзали Тоҷикистон дар даври аввал Кореяи Ҷанубиро (2:0) мағлуб карда, дар даври дуюм бо Қирғизистон (2:2) мусовӣ намуд ва дар даври сеюм бо қаҳрамони қаблии мусобиқа тими миллии Ҷопон (1:1) мусовӣ карда буд.