Муняин тасмим гирифт, ки пас аз 15 соли ҳунарнамоӣ тарки “Атлетик” кунад

Муняин тасмим гирифт, ки пас аз 15 соли ҳунарнамоӣ тарки  “Атлетик”  кунад

Сарвони дастаи «Атлетик» ва нимҳимоятгари ҳуҷумкор Икер Муняин тасмим гирифт, ки пас аз анҷоми мавсим бошгоҳро тарк кунад. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳ хабар додааст.

Футболбози 31-сола дастпарвари тими “Атлетик” буда, 15 мавсимро дар бошгоҳи Билбао гузаронидааст. Ӯ 557 бозиро дар ҳайати тими “Атлетик” доир карда, ду маротиба Ҷом ва Суперҷоми Испанияро   ба даст овардааст.

Дар мавсими ҷорӣ Муняин 22 бозӣ анҷом дода, 2 гол задааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии Испания 2 бозӣ кардааст.