“МЮ” антирекорди соли 1977-ро дар ПЛА боз такрор кард

“МЮ” антирекорди соли 1977-ро дар ПЛА боз такрор кард

Дар доираи бозиҳои даври 36-уми чемпионати Англия дастаи “Манчестер Юнайтед” дар Лондон аз тими “Кристал Пэлас” бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 мағлуб шуд.

Дар маҷмӯъ, «Манчестер Юнайтед» дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 81 голро аз дохили дарвозааш гирифтааст. Тибқи иттилои Opta, ин бадтарин нишондиҳандаи даста аз соли 1977 аст, ки ҳамон сол ҳам бошгоҳ 81 голро аз дарвозааш гирифта буд.

Ҳоло дастаи Эрик тен Ҳаг дар ҷадвали Премйер – Лигаи Англия дар ҷои 8-ум қарор дорад.