Натиҷаи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Африқо: Алҷазоир ва Гана ба хона, Ҷазираҳои Комор ва Гамбия – дар плей-офф, Камерун ба ҷои ҳама голзанӣ дорад

Натиҷаи бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Африқо: Алҷазоир ва  Гана ба хона, Ҷазираҳои Комор  ва Гамбия – дар          плей-офф, Камерун ба ҷои ҳама голзанӣ дорад

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Африқо ба охир расид. Рӯйдодҳои (нишотовар ва баръакс) ҷой доштанд, аммо инҷо танҳо натиҷаҳо, омор, рақамҳо ва ҷамъбасти нахуст аст: кӣ ба   плей-офф баромад ва кӣ ба хона рафт.

Гурӯҳҳо шаш-то, аммо ҷой дар плей-офф – 16. Аз инҷо ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва боз чор дастаи беҳтарин дорои зинаи сеюм аз гурӯҳ мебароянд.

Ҳамакнун дар хусуси ҳар як гурӯҳ дар алоҳидагӣ.



Гурӯҳи А: Камерун ба ҷои ҳама гол мезанад ва ҳамлавараш Абубакар  аллакай  5 гол дорад

• Камерун бо ишғоли мақоми аавал аз гурӯҳ баромад ва дорои натиҷаи барқарор аст. 7 гол задаасту 3 гол сар додааст – ягон дастаи дигаре ба мисоли ин тим дар Ҷоми Африқо бозии рахшоне нишон надодааст. Ин тим мизбон ҳам аст.

• Ҳамлавари камерунӣ Венсан Абубакар   5 аз 7 голҳои тими худро муаллифӣ кардааст. Табиист, ки ӯ бо бартарии бузург  беҳтарин ҳамлавари Ҷоми Африқо-2021 аст. Беш аз ин, ҳатто кам аз мунтахабҳое ба шумораи голҳои Венсан наздик мешаванд – танҳо Нигерия 6 гол задаву Марокаш – 5 гол ва дигарҳо камтар аз ин.


Буркина-Фасо ва Кабо-Верде дар бозӣ як гол задаанд ва  бо ҳамин пирӯзӣ ва мусовӣ ба каф карданд. Ҳамин барои баромадан ба плей-офф басандагӣ кард.

Гурӯҳи B: Сенегал гурӯҳро бо 1 гол  ғолиб омад  ва он ҳам дар дақиқаи 97-ум аз  пеналтӣ.

• Сенегал натиҷаи фантастикӣ дод: танҳо дар як бозӣ пирӯз шуда, ҳамагӣ як гол зад – Садйо Мане дар даври якум Зимбабверо аз пеналтӣ дар дақиқаи 97-ум ҷазо дод. Баъдан ду мусовии 0:0 буданд. Ва ҳамин басанда шуд. Аммо дар       плей-офф Сенегал дигар мешавад: ба ҳайати асосӣ Калиду Кулибали ва Эдуар Менди баргаштанд, нафароне, ки аз барои пандемия аз қатор афтода буданд.

• Зинаи дуюм аз они Гвинея шуд, дар дастае, ки  Наби Кейта рахшон аст– нимҳимоягари «Ливерпул» беҳтарин бозигар дар 2 бозиҳо аз 3 шуд. Ростӣ, даври аввали плей-офф ӯ дар майдон нахоҳад буд – корти зарди беақлона дар бозии ахири гурӯҳӣ гирифт ва он ҳам дуюмин шуд.


Дар зинаи сеюм мунтахаби Малави – барои онҳо ин нахустин баромад ба плей-оффи Ҷоми Африқост.

Гурӯҳи C: навкорон ҷазираҳои Комор дар зинаи 132-юми раддабандии ФИФА  ва он ҳам дар плей-офф!

• Марокашиҳо фаворит будани худро ҳалол карданд ва оромона ба плей-офф аз зинаи аввал баромаданд. Инҷо кулли чиз бидуни ғайриинтизориҳост.

• Обамеянг мушкил на танҳо дар «Арсенал» дорад, балки дар тими мунтахаб низ. Ба Камерун парвоз карду бо сабаби ковид болои кат афтод ва пасон  мушкилоти қалбие пайдо шуданд – ҳамлаварро ҳатто барои гузаштан аз муоинаҳои иловагии тиббӣ дигарбора ба Лондон бурданд. Ин ба мунтахаби Габон мушкил пеш наовард то зинаи дуюм гираду дар плей-офф қарор бигирад.

• Онҷо ҳамчунин ҷазираҳои Комор аст! Ҷазираҳои Комор! Комор! Мунтахаби кишвари ҷазиравӣ, ки ягон бозигараш дар ҷазираҳои Комор таваллуд нашудааст, ба плей-офф баромад –дар нахустин Ҷоми Африқо барояш дар таърих. Албатта, ки афсона аст. Мавқеъ дар раддабандии ФИФА – 132-юм!


Дар бораи ноомадии драматикии Гана аллакай бисёр сухан рафт. Аммо чунин кор ҳам мешавад, агар дар кулли бозиҳои ҳалкунанда голҳоро пас аз дақиқаи 80-ум ба дарвозаат сар диҳӣ. Марокаш ба дарвозаи ганагиҳо дар дақиқаи 83-юм гол заду, Габон ҳисобро дар дақиқаи 88-ум баробар кард, дар ҳоле,ки яккачин аз ҷазираҳои Комор  ғалаба бар муқобили ин тим барояш дар дақиқаи 85-ум таъмин кард.



Гурӯҳи D: танҳо Нигерия дар кулли се бозиҳо пирӯз шуд

• Мунтахаби Нигерия – ягона дастаест, ки кулли се бозиҳоро дар марҳилаи гурӯҳӣ бо пирӯзӣ анҷом дод. Як далели дигар: шаш голи нигериявиҳоро шаш бозигари мухталиф заданд.

• Нигериявиҳо бар Миср зафар ёфтанд, аммо ин ба Салоҳ ва ҳамдастагонаш садди роҳ нашуд то ба плей-офф бароянд – дар ду бозии боқимонда онҳо бо ҳисобҳои 1:0 пирӯз шуданд. Мо Салоҳ танҳо як гол дорад, аммо дар плей-офф бояд, ки ҷолибтар шавад.


Гвинея-Биссау ва Судон ҷоиза аз барои дилгиркунӣ мегиранд. Ҳардуи дастаҳо танҳо 1 гол доранд– Судон ба дарвозаи Нигерия аз  пеналти гол заду байни ҳам бошад 0:0 намуданд – ва бо ҳамин ба таври арзандаву дилторик ба хона мераванд.

Гурӯҳи E: қаҳрамони Африқо Алҷазоир зинаи охир гирифт ва ба ҳеҷ ҷое набаромад

• Алҷазазоир ба мусобиқа чун қаҳрамони феълӣ, бо силсилаи бузурги бозиҳои бебохт (расман 34 бозӣ ҳисоб шудааст) ва ҳайати ситоравӣ (Маҳрез, Бенраҳма, Бинносер, Слиманӣ)  рафта буд. Ва ин бачаҳо ақл пайдо намуданд, ки зинаи ахир дар гурӯҳ бигиранд. Бар муқобили Сйерра-Леоне – 0:0, баъдан бохт аз Гвинеяи Экваториалӣ (0:1) ва дар даври ахир Кот-Д’Ивуар онҳоро оромона  (1:3) сар кӯфт.

Қаҳрамони феълӣ дар се бозӣ танҳо як гол аз 46 зарба ҷониби дарвоза задааст. Маҳрез пеналтиро ба гол табдил дода натавонисту голи ягонаро ҳам вақти ҳисоби 0:3 дар даври охир заданд.

• Кот-Д’Ивуар бошад бозиҳои гурӯҳиро оромонаву боварибахш  паси сар кард. Ҳато мусовии камбаҳояш бар муқобили Сйерра-Леоне ҳам мушкил  пеш наовард – дар дақиқаи 93-юм дарвозабон тӯбро ба ҳариф бахшид, ҷароҳат бардошт ва гол сар дод (баъди бозӣ бошад падари ин дарвозабон даргузашт).

Новобаста ба мушкилот дар хати дифоъ ҳуҷуми ивуариҳо мушкилосон буд: Николя Пепе бедор шуд ва худи худашро дар «Лилл» ба ёд меорад, дар ҳоле, ки Себастян Аллер одатан гозаниҳоро идома медиҳад.


Муттаасифона кулли қаҳрамониҳои мунтахаби              Сйерра-Леоне барои баромадан аз гурӯҳ басанда нашуд – онҳо яке аз дуи бадтаринҳои ишғолкардаи мақоми сеюм шуданд. Лекин Гвинеяи Экваториалӣ дар плей-офф аст.

Гурӯҳи F: Гамбия худро ба плей-офф расонд – зинаи 150-ум дар раддабандии ФИФА

• Эҳтимолан сусттарин гурӯҳи Ҷоми Африқо аз рӯи ҳайат.

Нахуст ин ки, Гамбия – ба таври мутлақ заифтарин мунтахаб аз миёни кулли  иштирокчиёни Ҷоми миллатҳои Африқо  аз рӯи раддабандӣ аст (150-ум, ҳатто чунин ҳамтоён- навкорон аз ҷазираҳои Комор болотаранд; боз онҳо дар ҳайат бозигар аз  чемпионати Белоруссия доранд). Дуюм он аст, ки танҳо Тунис Ҷоми Африқоро аз миёни онҳо гирифтааст, аммо он даста ҳам айни ҳол вазъи на он қадар хубе дорад: нафари асосӣ аз дастаҳои лигаи топ-5 танҳо Ваҳби Хазрӣ аст, лекин синну соли ӯ ҳам аз  30 болотар аст.

Гамбия, дар омади гап бар Тунис ба хотири голаш дар дақиқаи 93-юм зафар ёфт ва зинаи дуюмро ишғол кард.


Ҳарифон хавотир нашуданд – онҳо ба плей-офф аз зинаи сеюм рафтанд.

• Мали дар ҳайат  5 Траоре дошт ва ин ҳам барои баромад аз гурӯҳ басандагӣ кард. Аз рӯи ном –коллективи пурқувваттарини гурӯҳ: инҷо ҳам Лига 1 ҳасту ҳам  Бундеслига ва ҳато ПЛА низ. Ва ин ҳам ҳатто бидуни Адама Траоре аз «Вулверҳэмптон», ки як замоне Испанияро интихоб карда буд. Дар даври ахир малиягиҳо оромона   Мавританияро аз пеши роҳашон гирифтанд – мунтахаби заифтарин дар Ҷоми миллатҳои Африқо. Мавританиягиҳо 0 хол, 0 гол, се маротиб суруди миллии гумкардашуда дар бозии нахуст дар омор доранд.

Марҳилаи плей-офф санаи 23-юми январ оғоз мешавад ва аллакай дар даври 1/8 ниҳоӣ – Кот-Д’Ивуар бар муқобили Миср.

Ва ин ҳам ҷуфтҳои марҳилаи 1/8 ниҳоӣ:

Гвинея – Гамбия

Камерун – Ҷазираҳои Комор

Буркина-Фасо – Габон

Нигерия – Тунис

Сенегал – Кабо-Верде

Мали – Гвинеяи Экваториалӣ

Кот-Д’Ивуар – Миср

Марокаш – Малави