Ҷопон ва Ӯзбекистон ба финали Ҷоми Осиё 2024 роҳ ёфтанд

Ҷопон ва Ӯзбекистон ба финали Ҷоми Осиё 2024 роҳ ёфтанд

Бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиё 2024 миёни дастаҳои то 23 сола дар Қатар ба анҷом расид. Мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Ҷопон бо ғалаба бар Индонезия ва Ироқ ба финал роҳ ёфта, роҳхати Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро соҳиб шуданд.

Дар бозии аввали даври нимниҳоӣ дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ бин Халифа” миёни дастаҳои Индонезия ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин бозӣ тими олимпии Ӯзбекистон бо голҳои Хусайн Норчаев ва худголи Пратама Архан пирӯзӣ ба даст овард. Аз ҳайати Индонезия Ризки Ридҳо дар даҳаи охири бозӣ корти сурх гирифт.

Тими олимпии Ӯзбекистон дар роҳ ба финали мусобиқа то ҳол тӯберо аз дохили дарвозааш нагирифтааст. Онҳо дар 5 бозӣ 14 гол ва 5 ғалаба доранд, ки ин омори рекордии мусобиқаи мазкур аст.

Вохӯрии дигари даври нимниҳоӣ миёни мунтахабҳои Ҷопон ва Ироқ дар варзишгоҳи “Ҷассим бин Ҳамад” доир шуд. Дар ин бозӣ “самурайҳо”-и ҷопонӣ бидуни мушкили бо ҳисоби 2 бар 0 музаффарият ба даст оварданд. Голҳоро аз ҳайати Ҷопон Мао Ҳосоя ва Риётаро Араки ба самар расониданд.

Ҳамакнун, мунтахабҳои Ҷопон ва Ӯзбекистон рӯзи 3-юми май дар финали мусобиқа бо ҳам бозӣ мекунанд. Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа тими миллии Арабистони Саудӣ маҳсуб мешавад, ки соли 2022 дар финал бар Ӯзбекистон зафар ёфта буд ва дар мусобиқаи имсола аз Ӯзбекиситон ноком шуд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм мунтахабҳои то 23 солаи Ироқ ва Индонезия бо ҳам бозӣ мекунанд.