Пас аз 17 сол Игуаин тарки футбол мекунад!

Пас аз 17 сол Игуаин тарки футбол мекунад!

Ҳамлагари тими “Интер Майами”  - Гонсало Игуаин эълон кард, ки баъди анҷоми мавсим ба истеъфо меравад. Дар ин бора аргентинии 34-сола дар нишасти матбуоти хабар дод.

Ҳамлагар ин мавсим то охир бозӣ мекунад. "Интер Майами" барои плей-оффи MLS мубориза мебарад. То ба охир расидани мавсим даста бояд ду бозӣ анҷом диҳад. Дар сурати баромадан ба плей-офф мавсими "Интер Майами" идома хоҳад ёфт.

Игуаин дар аввали мавсим бад бозӣ кард, вале дар 11 бозии охир 10 гол зад. Дар маҷмуъ, ӯ дар ин мавсим 14 гол ва 3 ассист дорад.

Игуаин корномаи 17 солаи футболбозӣ дорад. Гонсало дар тамоми мусобиқаҳо 782 бозӣ анҷом дода, ба задани 361 гол даст ёфтааст. Ҳамчунин , мафсуф дар ҳайати тимҳои "Реал Мадрид", "Ювентус", "Милан" ва "Челси" ҳунарнамоӣ карда, 14 ҷоиза ба даст овардааст.