Пас аз 20 сол дигарбора Уругвай ба плей-оффи ҶҶ роҳ ёфта натавонист!

Пас аз 20 сол дигарбора Уругвай ба плей-оффи ҶҶ роҳ ёфта натавонист!

Уругвай натавонист ба марҳалаи плей-оффи Ҷоми Ҷаҳонии 2022 роҳ ёбад.

Мунтахаби Уругвай  бар Гана (2:0) ғалаба кард, вале ба онҳо як гол нарасид то аз Кореяи Ҷанубӣ пеш гузаранд.

Ҳамин тариқ, Уругвай барои аввалин бор дар 20 соли охир ба даври плей-офф роҳ наёфт. Онҳо дар гурӯҳ мавқеи 3-юмро ишғол карданд.

Бори охир мунтахаби Уругвай  дар Ҷоми Ҷаҳонии соли 2002 ба даври плей-офф роҳ наёфта буд. Онҳо он ҷо дар марҳилаи гурӯҳӣ 1 имтиёз ба даст оварда буданд. Дар Ҷоми Ҷаҳони соли 2006 бошад, мунтахаби Уругвай ҳатто натавонист, ки дар мусобиқа ширкат варзад.

Ёдовар мешавем, ки дар гурӯҳи “Н” мунтахабҳои Португалия ва Кореяи Ҷанубӣ ба даври плей-офф роҳ ёфтанд. Уругвай ва Гана аз идомаи мусобиқа бенасиб монданд.