Пирӯзии навбатии «Каролина» бар «Айлендерс» дар Лигаи Миллии Хоккей

Пирӯзии навбатии «Каролина» бар «Айлендерс» дар Лигаи Миллии Хоккей

Имрӯз, «Каролина Харрикейнз» бар «Ню-Йорк Айлендерс» дар бозии дуюми силсиларақобатҳои марҳилаи плей-оффи Лигаи Миллии Хоккей (ЛМХ) дар варзишгоҳи «Пи-Эн-Си-Арена» бо ҳисоби 5:3 (0:2, 1:1, 4:0) пирӯзӣ ба даст овард.

ЛМХ - плей-офф . 1/4 ниҳоӣ - Шарқ. Бозии 2-юм

23-юми апрели соли 2024, сешанбе 04:30 ДШБ

Каролина Харрикейнз 5 : 3 Ню-Йорк Айлендерс

0:1 Палмйери (Райлли, Нелсон) – 16:22 (4x4) 0:2 Хорват (Барзал, Сизикас) – 19:45 (5x5) 0:3 Ли (Пажо, Энгвалл) – 23:54 (5x4) 1:3 Терявяйнен (Гюнсел, Ҷарвис) – 33:01 (5x4) 2:3 Ҷарвис (Стаал, Шей) – 50:43 (5x5) 3:3 Ахо (Свечников, Ҷарвис) – 57:45 (6x5) 4:3 Мартинук (Друри) – 57:54 (5x5) 5:3 Гюнсел (Ахо, Свечников) – 59:04 (en)

Дар сафи «Каролина» муаллифи гӯйҳои партофташуда Теуво Терявяйнен, Сет Ҷарвис, Себастян Ахо, Ҷордан Мартинук ва Ҷейк Гюнсел гардиданд.

Дар ҳайати «Айлендерс» бо голҳо Кайл Палмйери, Бо Хорват ва Андерс Ли аз худ дарак доданд.

Ҳамин тариқ, «Каролина» бо ҳисоби 2:0 пешсаф гардид. Бозии аввал низ бо пирӯзии «оташакҳо» (3:1) хотима ёфта буд. Бозии навбатӣ рӯзи 26-уми апрел дар «Ю-Би-Эс-Арена»-и Элмонт доир мегардад.