Президенти Ла Лига: “Бисёр мехоҳам, ки Месси ва Роналду дигарбора ба Испания баргарданд...”

Президенти Ла Лига: “Бисёр мехоҳам, ки Месси ва Роналду дигарбора ба Испания баргарданд...”

Президенти Ла Лига - Хавйер Тебас гуфт, ки мехоҳад Лионел Месси ва Криштиану Роналду ба чемпионати Испания баргарданд. Дар ин бора нашрияи бонуфузи As хабар додааст.

- Кадом бозингарони Ҷоми Ҷаҳониро дар Ла Лига дидан мехоҳед?

- Мехостам, ки Месси дар Ла Лига бошад. Ҳамчунин ман боз бисёр мехостам, ки Роналду ҳам ба Ла Лига баргардад ва ин ҷо корномаи футболбозиашро хотима бахшад.

Бозгашти Месси аз он вобаста аст, ки ӯ чӣ маблағ мепурсад, ман намедонам. Ман мехоҳам, ки ӯ баргардад. Аммо ҳама чиз аз он вобаста хоҳад буд, ки оё “Барселона” метавонад бозигарро дигарбора ба ҳайаташ ҷалб намояд.

Ёдовар мешавем, ки Месси соли 2021 аз “Барселона” ва Роналду соли 2018 “Реал Мадрид”-ро тарк карданд. Ҳоло Месси дар ПСЖ бозӣ мекунад ва Роналду ба наздикӣ “Манчестер Юнайтед”-ро тарк кард ва ҳоло бидуни даста мондааст.