Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Dushanbe Grand Prix 2023 муайян шуданд

Рақибони ҷудокорони тоҷик дар Dushanbe Grand Prix 2023 муайян шуданд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии мусобиқаи Dushanbe Grand Prix 2023  доир гардид. Ҷудокорони тоҷик пас аз қуръакашӣ рақибони хешро пайдо карданд.

Миёни бонувон нахуст, зери вазни то 48 кг  Мадина Қурбонзода ва Шукрона Қарчиева баромад мекунанд. Мадина бо намояндаи Ҳиндустон – Асмита Дей ва  Шукрона дар даври аввал бо Ли Вонг Ка аз Ҳонконг  қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни то 52 кг Аҳлия Муминова дар даври аввал бо намояндаи Чин – Йингвей Лиу нерӯсанҷӣ мекунад.

Дар вазни то 57 кг Фазилат Гулбоева дар даври аввал бо Ксенииа Галитскаиа, ки зери ливои Федератсияи байналмилалии ҷудо баромад мекунад, қувваозмоӣ мекунад.

Дар вазни то 60 кг миёни мардон Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо ҷудокори қазоқ Йержан Йеренкайпов сабқат мекунад. Меҳрзод Суфиев бо намояндаи Муғулистон – Йолик Казирйек дар ҳамин вазн сабқат мекунад. Ҳақдод Гулов бо намояндаи Марокаш – Юнус Содиқӣ ва Муҳаммад Маҳмадизода бо намояндаи Фаронса – Максим Мерлин қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов бо Исмоил Мисиров (IJF) , Фирӯз Мелибойзода бо Бобур Вадҷиев аз Ӯзбекистон ва Шаҳбоз Саидабуроров бо Сингҳ Сайни аз Ҳиндустон дар даври аввал  сабқат мекунанд. Эмомалии Нуралӣ дар ҳамин вазн дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Даниел Капелушиник аз Исроил ва Сунггат Жубаткан аз Қазоқистон қувваозмоӣ мекунад. Рақобатҳои вазнҳои -48 кг, -52 кг,- 57 кг миёни бонувон ва -60 кг, -66 кг миёни мардон рӯзи 2-юми июн баргузор мегарданд.

Рақобатҳои рӯзи дуюм дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон ва -73 кг, -81 кг миёни мардон сурат мегирад. Нахуст дар вазни то 63 кг миёни бонувон Мавлуда Одинаева дар даври аввал бо Йесуи Дарханбатбайар аз Муғулистон сабқат мекунад.   

Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров дар даври аввал озод аст ва дар даври дуюм бо Руслан Ҳалавачоу (IJF) қувваозмоӣ мекунад. Беҳрӯз Хоҷазода ҳам дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Оразгелди Уралов аз Қазоқистон нерӯсанҷӣ мекунад. Маҳмадшариф Наҷмиддинов ҳам, дар даври аввад озод буда, дар даври дуюм бо Адам Стодолски аз Лаҳистон қуввасанҷӣ мекунад.

Дар вазни то 81 кг Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар даври аввал бо намояндаи Лаҳистон – Павел Дрзюмал нерӯсанҷӣ мекунад. Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Келл Берлинер ИМА ва Ҳикматуллоҳ Тураев аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Сайфиддин Сайфиддинзода дар даври аввал бо Нуржан Биссенови қазоқ ва Шодмон Ризоев бо Меартен Де Риддер аз Австралия сабқат мекунад.

Дар рӯзи охири мусобиқа дар вазнҳои - 90 кг,  -100 кг ва +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни бонувон рақобатҳо доир мегарданд.

Зери вазни то 90 кг Комроншоҳи Устопириён дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти вугар Талибов аз Озарбойҷон ва Йаҳор Варапайев (IJF) қувваозмоӣ мекунад. Ҷаҳонгир Маҷидов ҷудокори дигари тоҷик дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Даниел Бершадскю аз  Исроил барои роҳ ёфтан ба даври сеюм сабқат мекунад.  Ҳақназар Назаров дар даври аввал бо Зуфарбек Уралов аз Ӯзбекистон ва Акмал Муродов дар даври дуюм бо Мартин Маттийас аз Олмон қувваозмоӣ мекунанд.

Дар вазни то 100 кг Эмомризо Анварзода дар даври аввал бо Даниел Микете (IJF) сабқат мекунад. Исроил Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Отабек Турабоеви ӯзбек дастбагиребон мешавад. Раҳматулло Мирзоев дар ҳамин вазн бо Муҳаммадқодир Мансуров ӯзбек нерӯсанҷӣ мекунад. Абубакри Акобир дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Кенню Ливезе аз Фаронса сабқат мекунад.

Дар вазни + 100 кг Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Валерий Эндовитсий (IJF) ва Исломбек Равшанқулов аз Ӯзбекистон сабқат мекунад. Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал чун Темур озод буда, дар даври дуюм бо Ҷамол Ғамзатхонов аз Озарбойҷон нерӯсанҷӣ мекунад. Мансур Раҳмон ҳам дар даври дуюм бо Муҳаммадумар Муҳаммадумаров аз АМА гӯштин мегирад. Иброҳимҷон Элмуродов дар даври аввал бо Йаш Виҷайран аз Ҳиндустон қувваозмоӣ мекунад.

 Маврид ба зикр аст, ки тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд.

Барои ширкат дар Гран Прии Душанбе то имрӯз ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудаанд. Дар умум, ҷудокорони  беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар Dushanbe Grand Prix 2023, ки аз 2-юм то 4-уми  июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. То имрӯз барои иштирок дар он 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон аз панҷ қитъа сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) номнавис гардидааст.

Ҷараёни рақобатҳоро МД Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим манзури тамошобинон мегардонад.