"Реал" айши "нилунориҳо"-ро дар хонаашон талх кард

"Реал" айши "нилунориҳо"-ро дар хонаашон талх кард

Дар бозии даври 10- уми чемпионати Испания бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” андари майдони рақобат шуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи пурҳашамати “Камп Ноу” доир гашта ба фоидаи меҳмонон 1:2 ба фарҷом расид. Дар қисми аввали бозӣ  ба дифоъгари бошгоҳи шоҳона Давид Алаба муяссар шуд, ки дар дақиқаи 32-юми бозӣ аз ирсоли головари Родриго истифода бурда, бо як зарбаи қавӣ ба кунҷи рости дарвозаи Тер Стеген ҳисоби бозиро кушояд. Пас аз голи Алаба “нилунориҳо” кӯшиш карданд, ки  натиҷаи бозиро мусовӣ кунанд, лек аз имкониятҳо истифода бурда натавонситанд ва пайти аввали бозӣ бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид. Дар қисми дуюми бозӣ  сармураббии бошгоҳи "Барселона" - Роналд Куман дар ҳайати даста тағйирот  кард ва Коутинюро ба майдон баровард. То дақиқаҳои иловагӣ  бозӣ  бо ҳамин натиҷа идома кард ва довар Санчес 7 дақиқа ба вақти асосии дидор илова кард. Ин 7 дақиқа дар фарҷом тақдири "эл-классико"-ро рангин ва ҳаллу фасл намуд. Дар дақиқаи 4-уми иловагӣ  Лукас Васкес имкон ба даст овард, ки аз як аксулҳуҷуми даста истифода бурда натиҷаи бозиро дуболо созад. Ҳамлагари аргентинии “каталониҳо” – Серхио Агуеро дар дақиқаҳои охири иловагӣ як голи шармшиканро ба дарвозаи Тибо Куртуа ба  самар расонид ва бо ҳамин натиҷа  бозӣ ба нафъи шогирдони Карло Анчеллоти ба анҷом расид.  Ҳамакнун бошгоҳи шоҳона пас ғалаба бо касби 20 - имтиёз садрнишини ҷадвал гардид ва дастаи “Барселона”  бо доштани 15 - имтиёз дар зинаи 8-уми ҷадвали Ла Лига  маскан гирифт.

Чемпионати Испания
Даври 10-ум
“Барселона” 1:2 “Реал Мадрид”
Голҳо: Давид Алаба 32',Лукас Васкес 90+ 4', Серхио Агуеро 90 +7'