Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ ҷаласаи корӣ анҷом доданд

Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ ҷаласаи корӣ анҷом доданд

Дирӯз, 22-юми октябр дар қароргоҳи ФФТ ҷаласаи кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар бо намояндагони дастаҳои  “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Равшан”-и Зафаробод, ки ҳуқуқи баромад карданро дар мавсими нави Лигаи олӣ ба даст оварданд, сурат гирифт.

Дар рафти ҷаласа ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори дастаи “Регар-ТадАЗ” Ғоибалӣ Давлатов, сармураббии ин тим Ҳикмат Фузайлов, инчунин президенти бошгоҳи “Равшан”-и Зафаробод Хурсандмурод Ҷумъаев ва сармураббии он Раҳматулло Фузайлов иштирок карданд.

Пеш аз ҳама роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ дастаҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани Лигаи якуми Тоҷикистон дар мавсими 2021 муборакбод намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар фазои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт. Дар рафти чорабинӣ намояндагони ФФТ ва ЛФТ ба камбудиҳои дастаҳо ишора карда, таъкид гардид, ки онҳо то оғози мавсими нави Лигаи олӣ рафъ гарданд.

Ба намояндагони “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод инчунин талаботҳои асосии низомномаи литсензиякунонии дастаҳо роҷеъ ба критерияҳои варзишӣ, инфрасохторӣ, маъмурию кадрӣ, молиявию ҳуқуқии Лигаи олӣ фаҳмонда шуд.