Роҳбарияти ПСЖ оиди бастани шартнома бо Роналдуро баррасӣ карданд

Роҳбарияти ПСЖ оиди бастани  шартнома бо Роналдуро баррасӣ карданд

Президенти ПСЖ - Носир Ал-Хелайфи имкони харидории ҳамлагари португалӣ  Криштиану Роналдуро баррасӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Sky Sports хабар додааст.

“Бо се бозигаре, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем  -  Месси, Неймар ва Мбаппе, ин хеле душвор аст. Бо вуҷуди ин, ман ба ӯ ҳама чизи беҳтаринро мехоҳам. Роналду футболбози аҷиб аст.”-гуфтааст Носир Ал-Хелайфи.  

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду метавонад ба тими «Арсенал» гузариш кунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло Роналду пас аз қатъи шартнома бо “Манчестер Юнайтед” бошгоҳӣ муваққатӣ надорад.