Таэквандочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат меварзанд

Таэквандочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат меварзанд

Имрӯз , 24-уми июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таэквандо оғоз гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Дар 25-ум Чемпионати Осиё, ки то 27 -уми июн идома меёбад, 229 варзишгар аз 33 давлати қора ширкат мекунанд.

Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ миёни мардҳо Маҳмадҷон Суннатов (63кг), Муҳамадҳусейн Шомаҳмадов (68кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (80кг) ва миёни бонувон Ширин Миршакарзода (49кг), Муниса Ойматова (53кг), Моҳру Ҳалимова (67кг) намояндагӣ мекунанд.