Tbilisi Grand Slam 2023 бидуни ҷудокорони тоҷик мегузарад

Tbilisi Grand Slam 2023 бидуни ҷудокорони тоҷик мегузарад

Рӯзҳои 24-26-уми март дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси - мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tbilisi Grand Slam 2023” баргузор мешавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои ширкат дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2023” то ҳоло 419 варзишгар (221 мард ва 198 зан) аз 61 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудааст. Вале варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ иштирок намекунанд.

Барномаи мусобиқа:

24-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

25-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

26-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Ҷудокорон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли   гузашта дар мусобиқаи ҷудо "Tbilisi Grand Slam 2022”  Тоҷикистонро 9 ҷудокор намояндагӣ карда буданд,  вале ягон нафари онҳо натавонист медал бигирад. Аз байни ҷудокорони  тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Шодмон Ризоев (-81 кг)- натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буданд.