Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо АМА мусовӣ кард

Тоҷикистон  дар  бозии дӯстона бо АМА мусовӣ кард
Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Абу-Даби баргузор шуд, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ  лаҳзаҳои голзани аз ҷониби ҳар ду даста вуҷуд дошт. Махсусан мунтахаби Тоҷикистон бо 4 зарба ва 7 зарбаи кунҷӣ аз лиҳози оморҳо  пешсаф буду дар тӯбнигоҳдорӣ ҳариф беҳтар бозӣ кард. 

Ёдовар мешавем, ки  рӯзи 28 март Тоҷикистон бо тими миллии Кувайт як вохӯрии дигари дӯстона анҷом медиҳад.

Бозии дӯстона
АМА – ТОҶИКИСТОН – 0:0
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Зоир Ҷӯрабоев, Табрез Исломов, Манучеҳр Сафаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Комрон Турсунов (Шервонӣ Мабатшоев, 74), Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 79), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов (Парвизҷон Умарбоев, 74), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 79).
25 март. Абу-Даби. Варзишгоҳи «Ал Наҳаён».