Юрген Клопп бохти “Ливерпул”-ро дар Лигаи Аврупо шарҳ дод

Юрген Клопп бохти “Ливерпул”-ро дар Лигаи Аврупо шарҳ дод

Сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп маҳрум шудани дастааш аз идомаи рақобатҳо дар Лигаи Аврупоро шарҳ дод. Ёдрас мекунем, дар бозии ҷавобии даври чорякниҳоӣ «Ливерпул» бар «Аталанта» зафар ёфт, вале тибқи натиҷаи ду бозӣ аз тими итолиявӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд ва аз мусобиқа ҳазф гардид.

«Мо дар бозӣ пирӯз шудем ва ин айнан он аксуламале буд, ки мехостем нишон диҳем. Ин мушкил буд ва медонистем, ки чунин мешавад, вале «Аталанта» арзандаи баромадан ба марҳилаи ниманиҳоӣ ба таври 100%-а аст. Эҳсосотҳо омехтаанд. Мо аз идомаи рақобатҳо ҳазф шудем, вале ман аз бозӣ розиям. Мехостем, ки ба Дублин равем, вале ин иттифоқ наафтод.

Мушкилоти аз ҳама асосӣ он буд, ки сатҳи бозии хешро дар нимаи дуюм нигоҳ дошта натавонистем. Дар нимаи аввал фишори онҳо нисбати мо зиёд буд, вале мо тавонистем чанд ҳолати хатарнокро созмон диҳем. Ба ҳар ҳол «Аталанта» арзандаи гузариш ба марҳилаи дигар аст», — мерасонад аз суханони Клопп сомонаи расмии УЕФА.

Дар марҳилаи ниманиҳоии Лигаи Аврупо «Аталанта» бо «Марсел» вомехӯрад.