Юсуф Абдусаломов сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод таъйин гардид

Юсуф Абдусаломов сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод таъйин гардид

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Олимпии соли 2008 – Юсуф Абдусаломов сармураббии мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод таъйин гардид.

Дирӯз дар қароргоҳи Федератсияи гӯштини Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти федератсия ва масъулини Кумитаи миллии олимпӣ нишасте баргузор шуд. Дар нишасти мазкур варзишгарон ва мураббиёни федератсияи гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ низ ҳузур доштанд. Ҳадафи баргузории вохӯрии мазкур,  ошно сохтани Юсуф Абдусаломов барандаи нишони нуқраи Бозиҳои Олимпӣ дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Баъди шиносоӣ худи Юсуф Абдусаломов ҳамроҳи мураббиён ва варзишгарон дар алоҳидагӣ суҳбате анҷом дод. Дар рафти суҳбати мазкур аз мусобиқаи баргузоргардидаи чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону румӣ низ хулосабардорӣ карда шуд.

Бо мақсади омодагии варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои сатҳи баланд рӯзи баъд дар Кумитаи миллии олимпӣ чорабини баргузор гардид. Дар чорабини мазкур дар мувофиқа бо Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи гӯштини Тоҷикистон - Юсуф Абдусаломов сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид ба гӯштини тарзи озод таъйин карда шуд.

Дар асоси қарордоди мазкур Юсуф Абдусаломов то моҳи сентябри соли 2024 тими миллии гӯштини тарзи озоди меҳанро ба Бозиҳои Олимпии тобистона омода менамояд.