“Ювентус” дар ҷустуҷӯи ҷойгузини Ҷорҷо Келлини

“Ювентус” дар ҷустуҷӯи ҷойгузини Ҷорҷо Келлини

Роҳбарияти бошгоҳи “Ювентус” дар ҷустуҷӯи муҳофизатгари марказӣ аст. Пас аз рафтани Ҷорҷо Келлини ин мавқеъ дар даста  холӣ боқӣ мемонад.


Бошгоҳи шаҳри Турин ба дар ин мавқеъ дифоъгари дастаи “Арсенал” – Габриэл Магаляэс ва Калиду Кулибали аз “Наполи”-ро интихоб кардаанд. Лек қобили зикр аст, ки дастаи “Барселона” ҳам ба ин ду футболбоз мароқ зоҳир кардааст ва дар талоши ба даст овардани онҳо мебошад.




Аз ин пештар “Ювентус” дар ин мавқеъ Антонио Рюдигерро  ҷойгузин медонист, лек ӯ ба ҳайати дастаи “Реал” пайваст ва ин нақшаи онҳо барҳам хӯрд.