“Жирона” аввалин бор дар таърих дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад

“Жирона”  аввалин бор дар таърих дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ мекунад

Бозии даври 34-уми Ла Лигаи Испания миёни дастаҳои «Жирона» ва «Барселона» ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Мунисипал де Монтиливи”-и шаҳри Жиронаи Испания баргузор шуда, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.

Пас аз пирӯзӣ, “Жирона” дар ҷадвали Ла Лигаи Испания барои мавсими 2023/2024 ба ҷои дуюм баромад. Даста аз 34 бозӣ 74 имтиёз ба даст овард. Ба шарофати ин пирӯзӣ «Жирона» аз «Барселона» пеш гузашт ва бо 74 имтиёз ба зинаи дуюм баромад.

Ҳамин тариқ, «Жирона» аввалин бор дар таърих дар Лигаи Чемпионҳо дар мавсими оянда бозӣ мекунад.