Клопп “Челси”-ро қобили намуна меҳисобад

Клопп “Челси”-ро қобили намуна меҳисобад

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул” Юрген Клопп аз дастааш даъват намуд, ки дар маҳорати расонидани бозӣ то анҷоми ғалабовар ба “Челси” баробар шаванд. Бегоҳии як рӯз пеш “сурхҳо” аз ғолибият дар сабқати хонагӣ ба муқобили “Борнмут” бо имкон додани баробаркунии ҳисоби бозӣ ба рақиб дар дақиқаи 87-ум аз ғолибият маҳрум шуданд. Мусовии 2:2 ифодагари он аст, ки мавқеи “Ливерпул” дар топ-4-и Премйер-Лига хеле нохубу ларзон аст. Дар ин мавсим дар мавриди пешсафии худ дар рафти бозиҳо “сурхҳо” 15 холро аз даст додаанд, дар ҳолате, ки “Челси” фақат аз гирифтани ҳашт хол маҳрум шудааст. Аз ин лиҳоз Клопп пешсафони Премйер-Лигаро барои ҳайаташ намуна овардааст. “Фикр мекунам, ки дар ҷои мо масалан, “Челси” агар мебуд, рақиб дар 20 дақиқаи охири бозӣ чунин имкони озоди даст ёфтан ба тӯбро намедошт. Бале, мо чунин таҷриба надорем. Шояд мо ба таври мустақил чунин таҷриба ба даст орем, гарчанде ин нохуб ҳам бошад”. “Аз дигар ҷониб, мо шояд дастаи самарабахштарини Премйер-Лига бошем,ин як қисми бозии мо ҳаст, чунки мо дар рафти бозӣ пайваста кушиш мекунем, ки ҳолатҳои голзании бештареро созмон диҳем. Албатта мо бояд дар ин масъала таҷриба ба даст орем”,- иқтибос меорад Sky Sports аз суханони Юрген Клопп.