Қадами нав дар рушд! Юрий Семин ба Душанбе меояд!

Қадами нав дар рушд! Юрий Семин ба Душанбе меояд!

Бо ташаббуси роҳбарияти клуби футболи "Истиқлол" бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва рушди минбаъдаи мураббиёни ватанӣ дар Душанбе семинари омӯзишӣ бо иштироки мураббии шинохтаи футбол Юрий Павлович семин баргузор мегардад. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

Семинари дурӯзаи назариявӣ ва амалӣ 2-3 май дар меҳмонхонаи Hyatt Regency ва дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Оғози семинар соати 14: 00 доир мешавад.

Қобили қайд аст, ки қаблан тими футболи "Истиқлол" дар Душанбе семинарҳои мураббигӣ бо иштироки дигар мураббиёни маъруф Қурбон Бердиев ва Иван Данилянсро баргузор намуда буд.