Ғалабаи рекордии “Реал” (Видео)

Ғалабаи рекордии “Реал” (Видео)

Ду голи Криштиану Роналду “Реал”-ро кӯмак намуд то дар “Сантиаго Бернабеу” бар бошгоҳи “АПОЭЛ”-и Кипр ғалаба ба даст биорад. Ин бозӣ дар доираи рақобатҳои даври аввали вохӯриҳои гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо сурат гирифт ва шогирдони Зинедин Зидан ба дарвозаи рақибонашон 3 голи беҷавоб заданд. Криштиану Роналду дар дақиқаи 12-уми вохӯрӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 51-уми рақобат ин ҳамлагари португалӣ аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро таслими дарвозаи дастаи “АПОЭЛ” сохт. Бо гузаро шудани 10 дақиқаи дигар сарвони тими шоҳона Серхио Рамос бо як зарбаи зебои худ ба натиҷаи ин вохӯрӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт. Ҳаминтариқ футболбозони “Реал Мадрид” дар 72 бозӣ пайҳам ба задани гол даст меёбанд, ки натиҷаи мазкур дар таърихи футбол рекорд ба шумор меравад.

Лигаи чемпионҳо. Гурӯҳи “H”. Бозии 1-ум

«Реал» (Мадрид) – АПОЕЛ (Никосия) – 3:0 (1:0)

Голҳо: Роналду, 12, 51 (аз пеналтӣ), Рамос, 61.

 

  «Тоттенхэм Хотспур» (Лондон) – «Боруссия» (Дортмунд) – 3:1 (2:1)

Голҳо: Сон 4, Кейн, 16, 60 – Ярмоленко, 11.