Атрофиёни Неймар мехоҳанд, ки ӯ дастаашро тарк кунад

Атрофиёни Неймар мехоҳанд, ки ӯ дастаашро тарк кунад

Атрофиёни наздики Неймар ба ӯ маслиҳат медиҳанд, то ӯ “Барселона”-ро тарк кунад, зеро дар бошгоҳи каталонӣ Неймар наметавонад дар як ҳайат бо Месси ҳунари инфиродии худро ба таври кофӣ нишон диҳад. Онҳо мегӯянд, ки барои Неймар бисёр бошгоҳҳои аврупоӣ тайёр ҳастанд, ки маблағи калон пешниҳод кунанд. Агенти Неймар ва наздиконаш мегӯянд, ки дар ҳолати дар як даста будани Неймар бо Месси, Неймар имконияти ба дастовардҳои инфиродӣ даст ёфтанро надорад. Бинобар ин, атрофиёни Неймар чунин мешуморанд, ки ӯ бояд дастаашро бо ягон дастаи аврупоии дигар иваз намояд, то натиҷаҳои хуби инфиродӣ ба даст орад. Аммо худи Неймар чунин мешуморад, ки бозӣ кардан бо Месси дар як бошгоҳ барои ӯ шараф аст. 
Шартномаи “Барселона” бо Неймар то тобистони 2021 пешбинӣ шудааст.