Ҳайати тими миллии Шветсия барои бозиҳои рафиқона муайян шуд

Ҳайати тими миллии Шветсия барои бозиҳои рафиқона муайян шуд

Ситоди маруббиёни мунтахаби Шветсия бо раҳбарии Янн Андерссон ҳайати тимро барои бозиҳои рафиқона ва марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бар зидди тимҳои Фаронса ва Норвегия муайян намуданд. Дар ҳайати даъват шудагон исми 23 футболбоз дарҷ гардидааст.

Ҳайати тими миллии Шветсия:

Дарвозабонҳо: Робин Олсен («Копенгаген», Дания), Кристофер Нордфелдт («Суонси», Англия), Карл-Юхан Юнссон («Генгам», Фаронса);

Ҳимоятгарон: Людвиг Аугустинссон («Копенгаген», Дания), Андреас Гранквист («Краснодар», Россия), Филип Хеландер, Эмил Крафт (ҳарду – «Болоня», Италия), Понтус Янссон («Лидс», Англия), Микаэл Лустиг («Селтик», Шотландия), Виктор Линделеф («Бенфика», Португалия), Мартин Олссон («Суонси», Англия);

Нимҳиммоятгарон: Виктор Классон («Краснодар», Россия), Ҷимми Дурмаз («Тулуза», Фаронса), Албин Экдал («Гамбург», Олмон), Оскар Хилемарк («Ҷеноа», Италия), Якоб Юханссон (АЕК, Юнон), Себастиян Ларссон («Сандерленд», Англия),

Ҳамлагарон: Эмил Форсберг («Лейптсиг», Олмон), Сам Ларссон («Херенвен», Ҳолланд), Маркус Берг («Панатинаикос», Юнон), Йон Гуйдетти («Селта», Испания), Кристоффер Нюмен («Айнтрахт» Б, Олмон), Ола Тойвонен («Тулуза», Фаронса).

Санаи 9-уми июн дар Стокголм шведиҳо дар диораи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими мунтахаби Фаронса дидор анҷом медиҳад ва 13-уми июн бошад, дар Осло Шветсия бо тими мунтахаби Норвегия бозии дӯстона баргузор мекунанд.