Баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ВКД

Баргузории чорабиниҳои варзишӣ дар ВКД

Бахшида ба рӯзи байналмиллалии олимпӣ, ки ҳамасола рӯзи 23-июн таҷлил карда мешавад, дар кишвар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ идома доранд. Аз ҷумла дар ҳавзи шиноварии ВКД ҶТ мусобиқаи вижа оид ба ин намуди варзиш гузаронида шуд.

Мусобиқаи номбурда аз рӯи 4 намуди шиноварӣ бо шумули тарзи озод, пуштнокӣ, брасс, баттерфлай сурат гирифта, дар масофаҳои 25 ва 50 метр варзишгарон бо ҳам ҳунар озмуданд. Дар масофаи 50 метр миёни ҷавонон аз намуди тарзи озод Баҳодур Худойдододов ҷойи аввал, Олим Қурбонов мақоми 2-юм ва Бежан Асоев зинаи 3-юмро ишғол намуданд. Дар масофаи 50-метр аз намуди брасс бошад, ҷойи аввал насиби Сомон Давлатов гардид. Миёни кӯдакон дар масофаи 25 метр Анушервон Бахтиёрзода ҳамаи рақибонашро пушти сар ниҳода, ба дарёфти ҷойи аввал сарфароз гардид. Дар охир ба ғолибони мусобиқа медалу ифтихорнама ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот тақдим карда шуд.