Беҳтарин футболбози сайёра 30 сола шуд!

Беҳтарин футболбози сайёра 30 сола шуд!

Имрӯз яке ситораҳои машҳури футбол, дорандаи панҷ карат ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ”- Лионел Андрес Месси зодрӯз дорад. 30-сол қабл маҳз дар ана ҳамин рӯз дар шаҳри Росариои Аргентина тифлаке чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Волидон номи ӯро Лионел Андрес Месси гузоштанд. Месси аз хурди орзӯи футболбози касбӣ шуданро дошт. Аз синни 11 солагӣ дар ҳайати “Нюэлс Олд Бойз” ба футбол машғул шуд. Дар давоми чаҳор сол ин даста танҳо дар як вохӯрӣ ба мағлубият дучор гардид. “Риверт Плейд” ва “Нюэлс” талош мекарданд, то ин навраси соҳибистеъдод имзояшро ба қарордоди пешниҳодкардаи онҳо гузорад. Аммо ҳаёт ӯро ба маҷрои дигар бурд. Табибон норасоии гармонҳои афзояндаи қадро дар ҷисми Лео дарёфтанд. Барои барқарор намудани вазъи саломатии ӯ ҳар моҳ тақрибан 1000 доллари амрикоӣ лозим буд. “Риверт” ва “Нюэлс” ба харҷи чунин маблағи зиёд имкон надоштанд. Хушбахтона Хосе Мария Мингелла - скаути машҳури “Барселона” дар бораи Месси огаҳӣ ёфт. Месси аз он замон то инҷониб дар дастаи номдори “Барселона” фаъолият мекунад. Лео дар як суҳбат ба рузноманигорон гуфтааст, ки то рӯзе ҷон дар бадан дорам, барои “Барселона” хизмат мекунам. Дар ҳақиқат Месси бо “Баселона” ба қуллаҳои баланд расидааст.