“Барселона” барои ба даст овардани Верратти чизеро дареғ намедорад

“Барселона” барои ба даст овардани Верратти чизеро дареғ намедорад

Ниммуҳофизатгари бошгоҳи ПСЖ Марко Верратти шояд дар мавсими нав бо пероҳани “нилунориҳо” вориди майдони набард шавад. Тибқи маълумоти сомонаи “Calciomercato” каталониҳо омода ҳастанд, ки барои ин футболбози 24 солаи итолиёвӣ 65 миллион евро харҷ намоянд. Инчунин, “нилунориҳо” тайёр ҳастанд, ки барои Верратти Иван Ракитичро низ ба ПСЖ супоранд.  Верратти соли 2012 ба дастаи фаронсавӣ шомил шуда, қарордоди ҳамкорӣ бо ин футболбоз то мавсими соли 2021 муқаррар шудааст.