“Барселона” панҷ сол аст, ки ба марҳилаи нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо баромада наметавонад

“Барселона”  панҷ сол аст, ки ба марҳилаи нимниҳоии  Лигаи Чемпионҳо баромада наметавонад

Дастаи «Барселона» дар даври чаҳорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо бо “ПСЖ” (1:4, ҳисоби умумӣ 4:6) шикаст хӯрда, ба дастае табдил ёфт, ки панҷ сол паиҳам ба даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо роҳ намеёбад.

Бори охир "Барселона" дар мавсими 2018/2019 ба ин марҳилаи Лигаи Чемпионҳо расида буд ва он ҷо аз "Ливерпул" дар маҷмӯъ мағлуб шуда буд (бозии аввал - 3:0, дуюм - 4:0).

Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 12-ум ҳисобро дар бозӣ бо “ПСЖ” вингери “Барселона” Рафинйа боз кард. Дар дақиқаи 29-ум ҳимоятгари “Барселона” Роналд Араухо муқобили Баркол қоидаи бозиро вайрон кард ва корти сурх гирифт. Дар дақиқаи 40-ум вингери “ПСЖ” Усмон Дембеле ҳисобро баробар кард.

Дар дақиқаи 54-ум нимҳимоятгари парижиҳо Витиня дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 61-ум ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе бартарии дастаашро мустаҳкам карда, ҷаримаи 11-умро ба самар расонд. Дар дақиқаи 89-ум Мбаппе дублро ба самар расонд.

Дар даври 1/2 финали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2023/2024 “ПСЖ” бо “Боруссия”-и Дортмунд бозӣ мекунад. Бозии аввал 30-юми апрел барпо мегардад.